Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ART-EXPO дар Қазоқистон иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 09.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастовардҳои назаррас, лоиҳаҳои бузург, рӯйдодҳои муҳим, чорабиниҳои фарҳангӣ ва маҳсулоти электронии рассомон ва устодони санъати амалии кишварҳои узви ИДМ – ҳамаи инро меҳмонони Осорхонаи миллии пойтахти Қазоқистон, ки дар он 7-10 сентябр Намоишгоҳи байналмилалии ART-EXPO-и давлатҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад, метавонанд бубинанд. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода иштирок дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Тавре маълум аст, бо қарори сарони давлатҳои аъзои ИДМ аз 18 декабри соли 2020 соли 2022 Соли ҳунарҳои мардумӣ ва меъроси фарҳангии кишварҳои ИДМ эълон шудааст.
Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон хабар медиҳад, ки намоишгоҳи «Эҷодиёти мардумӣ дар фазои санъат» дар чорчӯби татбиқи ин ғоя баргузор мешавад.
«Робитаҳои фарҳангӣ байни мамлакатҳои мо фаъолона инкишоф ёфта, шаҳрвандони давлатҳоямон ба меъроси маънавии ҳамдигар мароқи самимӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз мо намоишгоҳро ифтитоҳ карда, ба асарҳои эҷодии рассомон, ҳайкалтарошон, устодони санъати амалии Қазокистон, Узбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Беларус аз наздик шинос шуданро пешкаш менамоем. Мутмаинам, ки намоишгоҳ ба қалби тамошобинон роҳ меёбад ва таассуроти фаромӯшнашаванда мегузорад», — гуфт Вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Даурен Абаев зимни маросими ифтитоҳи намоишгоҳ.
Дар намоишгоҳ бо иштироки ҳунармандон аз рӯи санъати нассоҷӣ, кулолгарӣ ва заргарӣ машғулиятҳо баргузор карда мешаванд.
Илова бар ин, ба хотири роҳандозии робитаҳои эҷодӣ миёни сохторҳои дахлдор ва созмонҳои фарҳангии кишварҳои узви ИДМ муаррифии дастовардҳои онҳо дар соҳаи ҳунари мардумӣ доир мегардад.
Ҳамчунин, дар доираи намоишгоҳ баргузории як қатор ҷаласаҳои дуҷонибаи Шӯрои ҳамкории фарҳангии кишварҳои узви ИДМ, намоиши сарироҳии осорхона, инчунин тамошои толорҳои нигораҳои Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқисон дар назар аст.
ART EXPO чорабинии маҷмӯӣ дар доираи ИДМ буда, ба рушди ҳамкорӣ, тарғиби ваҳдати байни миллатҳо, эҳтиром ба фарҳанг, забон ва анъанаҳои дигар халқҳо, ташаккули ҳисси ватандӯстӣ дар байни насли наврас равона шудааст.
АКС: АБИ «Казинформ»








Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд






