Варзишгари тоҷик Нурулло Алиев пас аз пирӯзӣ бар ҳарифаш ба UFC роҳхат ёфт

Сентябрь 21, 2022 13:18

ДУШАНБЕ, 21.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муштзани шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев дар мубориза барои дарёфти қарордоди имконпазир бо UFC варзишгари амрикоӣ Ҷош Уикиро дар раунди якум шикаст дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Ҳамин тавр муштзани тоҷик Нурулло Алиев ба бузургтарин созмони размкории ҷаҳон UFC пайваст. Акнун Нурулло аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар UFC ҳунармоӣ мекунад.

Ҷош Уик 12 пирӯзӣ ва панҷ бохт дорад. Ӯ дар созмонҳои гуногун мубориза намуда, як разми хешро дар ташкилоти амрикоии Bellator анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш варзишгари тоҷик Нурулло Алиев бо ташкилоти Дана Уайт — «Dana White Contender Series» шартнома ба имзо расонид. Ҳоло Нурулло пас аз ғалаба бар Ҷош Уики 27-сола ба UFC роҳ ёфт ва минбаъд рақобатҳояшро дар ин ташкилот доир мекунад.

Нурулло Алиеви 22-сола ҳоло бо 7 пирӯзӣ ва бе ягон бохт фаъолияташро идома медиҳад. Алиев фаъолияти касбии худро дар муҳорибаҳои омехта соли 2018 оғоз кард ва тавонист дар чанд созмони маҳаллӣ ҳунарнамоӣ кунад. Нурулло охирин набарди худро моҳи сентябри соли гузашта анҷом дода, бо қарори якдилона пирӯз шуда буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 21, 2022 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад