Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Котиби давлатии ИМА мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 сентябр дар Вашингтон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳамкории амниятӣ баррасӣ карда, бобати истифодаи имконияти васеъ барои рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар чаҳорчӯби барномаҳои Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) табодули афкор намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунии Афғонистон баррасӣ гардида, зарурати таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишу таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд ва доир ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша сурат гирифт.
Инчунин ҷонибҳо аҳаммияти платформаи «С5+1» барои минтақа ва ҳолати кунунӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Акс: ВКХ ҶТ










Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






