Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон мулоқот кард

Сентябрь 29, 2022 08:40

ДУШАНБЕ, 29.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр дар шаҳри Вашингтон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи вижаи ИМА оид ба Афғонистон Томас Уэст баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доднд.

«Тарафҳо вазъ дар Афғонистон, мубориза бо терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд»,-таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ дар Мубоҳисаҳои Умумии иҷлоси 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк оид ба вазъи Афғонистон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки расо як сол муқаддам, дар худи ҳамин толор паёми маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз нисф зиёди изҳороти хешро ба вазъи Афғонистон бахшида буд, ба Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гардид.

Мутаассифона, нигаронӣ ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон паёме ба гӯшҳои ношунаво буданд.

Як сол пас аз суқути Афғонистон:

—    Сарфи назар аз даъвату муроҷиатҳои батакрори мардуми афғон, кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати ҳамашумул барои танаввуи бештари қавмӣ, сиёсӣ ва ҷуғрофӣ дар де-факто сохторҳои маъмурӣ то ҳол ташкил нашудааст;

—    Кишвар дар остонаи фалокати башарӣ ва иқтисодӣ қарор дорад. Тоҷикистон ба мақсади коҳиши ранҷу машаққати мардуми афғон дар ин даврони мушкил инфрасохтор, қаламрав ва воситаҳои иртиботии худро барои мустақиман расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон дар ихтиёри тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва кишварҳои мададрасон қарор додааст. Ҳамчунин аз замони ба сари қудрат омадани толибон то имрӯз мо ҳаргиз аз таъмини неруи барқи мавриди ниёз ба мардуми Афғонистон даст накашидем;

—    Муҳити тарсу ваҳм ва бадтар шудани вазъи эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи занону духтарон ҳоло ҳам ҳукмфармост;

—    Ихтилофи назарҳо ва зиддияти дохилии мавҷуда дар байни толибон ва зуҳури гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи изофӣ, аз ҷумла ДОИШ-Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, вазъи амниятии кишварро боз ҳам ҳассостар мегардонад. Гузашта аз ин, ноуҳдабароии толибон дар мавриди назорати ҷангҷӯёни худ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки толибон бо онҳо робитаи наздик доранд, вазъи бе ин ҳам мураккабро боз ҳам печидатар кардааст. Бозёфт ва қатли яке аз фармондеҳони маъмули Ал-Қоида, ки ахиран дар Кобул сурат гирифт, гувоҳи равшан бар ин робитаҳост;

—    Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба паноҳгоҳи амн барои гурӯҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни  тундгарои толибон қарор дорад. Гузашта аз ин, мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст.

Мутаассифона, пайомадҳо барои Тоҷикистон, ки бо ин кишвар 1400 километр марзи тӯлонии муштарак дорад, хеле бузург аст.

Дар шароити нигаронкунандаи кунунӣ барои Тоҷикистон бисёр муҳим аст, ки марзи худ бо Афғонистонро тақвият бахшида, инфрасохтори зарурии сарҳадро дар саросари он бунёд кунад. Аз ин лиҳоз, мо умедворем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ минбаъд низ ба Тоҷикистон барои ҳифзи марзҳои ҷанубии кишварамон аз ҳамлаҳои эҳтимолии мусаллаҳона кумакҳои низомӣ ва фаннӣ мерасонад.

Ҳамзамон мо бар онем, ки мушорикати Афғонистон дар раванди ҳамкории гуногунҷанбаи минтақавӣ калиди муваффақияти талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

АКС: ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2022 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид