ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Бадахшон маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал ба анҷом расид

Октябрь 1, 2022 11:10

ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Бадахшон  маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ имрӯз- дар рӯзи аввал ба анҷом расид ва ҷавонони вилоят бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар шуданд. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардид, изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Қабл аз оғози маросим роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки қишри васеи ҷомеа- афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақари вилоят, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, ташкилот, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, устодону донишҷӯён, собиқадорон ва ҷавонону занон баргузор гардид.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва омили пешрафту шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ- ин мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ҳанӯз дар оғози солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти олии мамлакат, новобаста аз вазъи мушкили сиёсию иқтисодӣ ҷиҳати таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешид.

Маҳз бо дастур ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои асосии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, иқтидори мудофиавии ин неруи бузургу боэътимод тадриҷан қавӣ гардид. Кишвари тозаистиқлоли мо дар муқоиса бо дигар кишварҳои пасошӯравӣ корро дар ин самт аз сифр оғоз намуд. Бо дастгирӣ, таваҷҷуҳи шабонарӯзӣ ва заҳматҳои хастагинопазири Пешвои  миллат дар кишварамон пойдевори таълимӣ ва кадрии ҷузъу томҳои ҳарбӣ мустаҳкам гардида, иқтидор ва имконияти муҳофизатии давлат дар сатҳи зарурӣ таҳким ёфт.

-Мо ифтихор аз он дорем, ки ҳамасола шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро менамоянд. Ин анъанаи нек дар маъракаи имсола низ риоя гардид ва итминони комил дорем, ки он минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Чунин масъулиятшиносӣ ва ҳувияти баланди ҷавонони вилоят борҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои сазовор гирифтааст, -гуфт Раиси вилоят.

Мавсуф тазаккур дод, ки имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бавижа амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаи имрӯза моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи худамон ҳамеша омода бошем.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

Акс: МИҲД ВМКБ

Октябрь 1, 2022 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид