«Халқ ҳеҷ гоҳ хато намекунад, фарзанди асилу номбардорашро мешиносад», — собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров

Октябрь 5, 2022 11:25

ДУШАНБЕ, 05.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домони Худованд мезад, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию тӯҳмат гулӯгир намуда буд, Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо карданд. Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлӯи ин шахсияти худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос мекунад, ки бидуни муболиға ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем. Халқ хеҷ гоҳ хато намекунад, фарзанди асилу номбардорашро мешиносад».

Ин матлабро собиқ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров дувоздаҳ сол муқаддам – 9 декабри соли 2015 зимни қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баён дошта буд.

“Бароям мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлӯ ба паҳлӯ фаъолият кардаам. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири барқарор намудани сулҳ, нигоҳ доштани давлат ва якпорчагии Тоҷикистон шабу рӯз ва бо тамоми ҳастӣ талош мекарданд. Мо, ҳаммаслакон дар паҳлӯяшон будем ва хизматҳои ӯро медонем. Ман низ он замон роҳи худ- дар паҳлӯи ин шахсияти худодод барои ободии сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат карданро интихоб кардам”, — мегӯяд ӯ.

“Он шабу рӯз Президенти мамлакат кӯшиш мекарданд, ки миллати парешонгаштаи тоҷикро сарҷамъу муттаҳид сохта, давлати навбунёди моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бубахшанд. Дар замоне ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин суханони таскинбахш фирориёнро барои ба Ватан баргаштан ташвиқ мекарданд: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем, бо ҳам мехӯрем», — ба ёд меорад ин суханонро Шукурҷон Зуҳуров ва таъкид менмояд, ки ин сулҳу ваҳдат барои кишвари мо ба осонӣ ба даст наомадааст, ҷонисориҳои Сарвари давлатро дар ин роҳи мушкилу пур аз печу тоб мо, онҳое, ки дар паҳлуяш будем, дидаему беҳтар медонем.

«Дар мулоқоти Хосдеҳ ба ҳайси муовини раиси ҳайати ҳукуматӣ дар музокирот иштирок доштам. Ин гуфтугӯи таърихӣ барои мо — тоҷикон сабақи бузург гашт, зеро профессор Бурҳониддин Раббонӣ ҳангоми имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз таҳти дил суханронӣ кард, ки ман гумон мекунам ба ҳозирин таъсири амиқ гузошт. Мавсуф изҳор кард: «Аҳволи моро дидед, ки акнун чӣ ҳаёт дорем? Мо натавонистем зиндагӣ кардан, ақаллан шумо дар кишвари худатон созиш кунед ва тоҷиконро хор насозед. Тавре сулҳу ваҳдат бандед, ки касе дӯстии шуморо халалдор карда натавонад…», — афзуд Шукурҷон Зуҳуров ва хотиррасон кард, ки имрӯз низ масъалаи сулҳу оромӣ бояд дар мадди аввал бошад. Ҷавононро тарзе тарбия кардан лозим аст, ки ба доми фиреби дигарон наафтанд. Мақсаду маромашон танҳо ободии Тоҷикистон, хушбахтии мардум ва сулҳу оромии кишвар бошад.

«Душманони миллат ҳанӯз ҳам мехоханд бо кадом роҳе набошад фазои ороми Тоҷикистони азизро ноором созанд, албатта, онҳо ба мақсад намерасанд, вале тавре Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, мо бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем. Аз хулқу атвори фарзандонамон огоҳ бошем. Шукргузорӣ ва накӯкирдориро дар ниҳоди онҳо тарбия кунем, то онҳо дар рӯҳияи қадршиносӣ ба Ватан, ваҳдат ва худшиносӣ ба воя расанд», — изҳор дошт мавсуф.

Ба андешаи Шукурҷон Зуҳуров, дар самти тарбияи ҷавонон дар баробари волидайн омӯзгорон, домуллоҳои шинохта, хатибони масҷидҳо низ метавонанд бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамроҳ бо кормандони соҳаи дин ва дигар шахсони масъул ҳиссаи сазовор гузоранд. Онҳое, ки худро қурбони фитнаи мағзшӯён мекунанд, аз табиати ислом бехабаранд. Онҳо дар рӯи як шохаи шикаста ва сунъии ислом қарор доранд. Баъзан онҳоро аз ислом берун мегӯем, вале онҳо чунин намешуморанд, зеро исломро ҳамон тавр қабул доранд.

«Чаро дар вақташ имоми мазҳаби ҳанафия Нӯъмон ибни Собит, фарзандони бузурги миллат — Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад -ал -Бухорӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯнасри Форобӣ, Носири Хисрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон тавонистанд бо тоату ибодати солеҳ ва таълимоти волои ахлоқиву эътиқодӣ садди роҳи моҷароҳои динӣ гашта, забони ноби тоҷикиро ҳифз карда, то ба сатҳи тоату ибодат баланд бардоранд? Онҳо дини исломро чун дини инсонгаро ва таҳаммулпазир муаррифӣ карда, дар рушди илму ирфон ва дониши фалсафии инсон ҳисса гузоштанд», -хотиррасон менамояд ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки Сарвари давлат зимни ироаи Паёми навбатӣ изҳор доштанд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд. Вобаста ба ин бори дигар таъкид менамоям, ки Ҳукумати мамлакат вазифадор аст то соли 2026 шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб карда, ҷиҳати саросар соҳибкасб гардидани аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ намояд. Дар панҷ соли оянда як миллион нафар шаҳрвандони кишвар бояд соҳибкасб гардонида шаванд».«Ин беҳтарин пешниҳод ва иқдоми саривақтист. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои таълими калонсолон ва дигар муассисаҳо таълимии марбута фаъолият мекунанд ва ҷавонон метавонанд дар онҳо касбу ҳунар омӯзанд», — мегӯяд ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки «яке аз пешниҳодҳои созандаи Пешвои миллат –ин оқилона истифода бурдани ҳар порча замин мебошад. Масалан, сокинони ноҳияҳои минтақаи Рашт замоне бо истеҳсоли себу нок ва картошкаи хушсифат на танҳо дар ҷумҳурии худамон, балки берун аз он машҳур буданд. Имрӯз аз он боғҳои машҳур фақат ном мондааст. Бо ҳидоят ва раҳнамоии Президенти мамлакат миқдори заминҳои корам сол аз сол зиёд гардида, заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид мегарданд ва дар ин замина ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, некӯаҳволии мардум боз ҳам беҳтар мешавад. Пешвои миллат зимни ҳар сафар ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар вохӯрӣ бо сокинон пайваста таъкид мекунанд, ки бар асари тағйирёбии иқлим, камобиву хушксолӣ ва ғайра вазъи таъминоти аҳолии сайёра бо маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз мураккабу печида гардида истодааст. Сарвари давлат зарур мешуморанд, ки ҳар оила мебояд захираи дусолаи маҳсулоти ғизоӣ дошта бошад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: манбаъҳои боз

Октябрь 5, 2022 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин