«30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ташаббускорони иқдоми ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Бадахшон сафар намуданд

Октябрь 18, 2022 08:52

ДУШАНБЕ, 18.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Иқдоми ҷумҳуриявии “Албом-эстафета” таҳти унвони “30-соли созандагӣ бо Пешвои миллат” бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи ҷумҳурӣ доир гардида истодааст. Тибқи муқаррарот ва ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, “Албом эстафета” аз ноҳияи Ишкошим ба ноҳияи Мурғоб ворид гардид. 

Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба КИ ҲХДТ дар ВМКБ хабар медиҳад.

Меҳмононро Раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мурғоб Мухаммедалӣ Жолдошбаев дар даромадгоҳи ноҳияи Мурғоб пешвоз гирифтанд.

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу таърихӣ- 30-солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иқдоми “Албом-эстафета” таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат” доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур Ҳусния Раҷабзода  ва Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова оид ба “Нақши Иҷлосияи таърихӣ дар таҳкими сулҳу суботу кишвар” сухан гуфтанд.

Зикр  гардид, ки дар он лаҳзҳои ҳассос Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мушаххас ва мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузоштанд. Бо ташаббуси ин фарзанди фарзонаи миллат якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие дар раванди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қабул гардиданд, ки дар мамлакат заминаи таҳкими низоми қонунгузориро гузошт. Эмомалӣ Раҳмон масъулияти олии созандагиро ба зимма гирифта, тавонист манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва маҳаллию минтақавӣ боло гузорад.

Дар анҷом дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб  барномаи фарҳангии мутантан бо ташаббуси бахши фарҳанги ноҳия табъи иштирокчиёнро болида намуд.

«Албом-эстафета» дар ноҳияи Роштқалъа

Қабули «Албом-эстафета» дар ноҳияи Роштқалъа ба иди бошукӯҳе табдил ёфт. Раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода ва Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Манзура Риҷаббекова, фаъолон, сокинон ва толибилмон бо гулдастаҳо ин пайки саодат ва ҳамдилӣ, рамзи васли дӯстӣ, арҷгузорӣ ба давлату миллати хеш ва посдории Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешвоз гирифтанд.

Сипас, корвони мошинҳо ба сӯи марказ ҳаракат намуд. Меҳмонон аз дастовардҳои ҳунарӣ, варзишӣ ва намоиши китобҳо дар саҳни МИҲД-ноҳия дидан намуданд.

Бахши чорабинии сиёсӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуд. Раиси ноҳия барои ташкили «Албом-эстафета» ба КИМ ҲХДТ изҳори сипос намуда, доир ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.

Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабова аз ташкил ва баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд изҳори қаноатмандӣ намуд.

Собиқадори меҳнат Атохуҷа Асенов зикр намуд, ки «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Маҳз бо шарофати иҷлосияи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни асосии кишварро таҳия ва қабул намуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии пешрафти ҳокимияти давлатӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрвандро мушаххас муайян намуд».

 «Албом-Эстафета» дар ноҳияи Шуғнон

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иштирокчиёни аксияи ҷумҳуриявии «Албом Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат»-ро дар маркази ноҳия истиқбол намуданд.

Ба ин муносибат дар қасри фарҳанги ноҳия намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҷамъомади тантанавӣ бо чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Тазаккур дода шуд, ки муҳимияти баргузории Иқдоми ҷумҳуриявии «Албом Эстафета» дар он аст, ки ҳар  фарди хештаншинос бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қадр намояд, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровар, талошҳои пайваста дар роҳи ободиву осоиши Ватан, азму ҷасорати қавӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи Сарвари давлат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад.

«Албом ˗ этафета» дар ноҳияи Рӯшон

Дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон бо иштироки Раиси ноҳия  Фаррух Додхудо, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Холисамо Саидхонова ва роҳбарони идораву муассисаҳо, намояндагони Аксияи ҷумҳуриявии «Албом˗эстафета»-ро хуш истиқбол намуданд.

Баъдан дар пештоқи Қасри фарҳанги ноҳия меҳмонон аз дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ, китобҳои таълифнамудаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дидан намуданд.

Ҳамчунин ба ифтихори иқдоми мазкур маҷлиси тантанавӣ доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия ва  Раиси КИ ҲХДТ дар  ВМКБ аз пешрафтҳо давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ВМКБ, бахусус дар ноҳияи Рӯшон ҳарф заданд.

Танатанаро баромади ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳия зиннати тоза бахшид.

«Албом-эстафета» дар ноҳияи Ванҷ

Дар ноҳияи Ванҷ Раиси ноҳия Одинашо Мардзода ва раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ато Ҳиматзода «Албом-Эстафета»-ро аз дасти Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Зунайда Раҷабзода бо пазироии самимӣ қабул карданд.

Чун анъана, дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуда, меҳмонон дар ин ҷо бо асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти ноҳия шинос шуданд.

Сипас, дар толори Қасри фарҳанг бо иштироки Раиси ноҳияи Ванҷ Одинашо Мардзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ВМКБ Зунайда Раҷабзода раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, фаъолон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамоиш доир гардид.

Зимнан ҳамоиши ҳизбӣ доир ба моҳияти баргузории Аксияи ҷумҳуриявии «Албом-Эстафета» таҳти унвони «30 соли созандагӣ бо Пешвои миллат» ва нақши Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсози миллат сухан гуфтанд.

Зикр гардид, ки  Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули истиқлолияти миллӣ, таъмин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудани принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти таърихӣ буда, барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, ташаккули Истиқлолияти мамлакат, Ваҳдати миллӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Маҳз ба шарофати он дар кишвар ба раванди бунёдкорӣ оғоз бахшида шуда, симои сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар» 

АКС: КИ ҲХДТ дар ВМКБ

Октябрь 18, 2022 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ багузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ
«Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!». Дар ноҳияи Шоҳмансур ғолибони даври ноҳиявии озмун ҳавасманд гардонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТЗАЛ. Барои мураббиён машғулиятҳои омӯзишии «Level-2» оғоз гардид
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳи ташхиси партовҳои обӣ ба истифода дода шуд
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо унвони «Профессори фахрӣ»-и ду донишгоҳи Чин сарфароз гардид
ПАРЧАМИ МО ПАРФИШОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ! Дар Душанбе ҳамоиши ҷашнии ҷавонону варзишгарон баргузор шуд
Дар Хуҷанд доир ба масъалаҳои таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи минтақавӣ баргузор гардид