45 нафар бонувони вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон соҳиби шаҳодатномаи давраи омӯзишии «Зан-сарвар» гардиданд

Октябрь 17, 2022 15:33

ДУШАНБЕ, 17.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шунавандагони давраи омӯзишии «Зан-сарвар» шаҳодатнома супорида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.

45 нафар занону духтарон аз вилоятҳои Хатлон ва Бадахшон, ки дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, соҳиби дипломи давраи омӯзишии «Зан — сарвар» гардиданд, ки дар оянда ҷиҳати болоравии мансабии онҳо нақши муҳим хоҳад бозид. Дар давраи омӯзишии мазкур шунавандагон дар 3 давра таҳсил карда, ба таҷрибаомӯзӣ низ сафарбар шуданд.

Дар ҷамъомад Ректори Академия Абдухалил Ғафурзода, мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшо, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷурахон Гурезода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн ва роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер иштирок намуданд.

Ректори Академия идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуданд, ки бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то имрӯз якчанд санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Масъалаи дастгирии бонувони минтақаи кӯҳистон дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бонувон бо дониши мукаммал, матонату ҷасорат ва малакаи хуби кордонии худ метавонанд дар соҳаи идоракунии давлатӣ муваффақона фаъолият кунанд ва дар амалигардонии сиёсати давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳисса гузоранд.

Ҳадаф аз баргузории курси омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани бонувон ба зинаҳои роҳбарӣ дар риштаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар занону бонувони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва  мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Олмон давраи омӯзишии дуалиро соли 2019 оғоз намуда, аз аввали он то ба имрӯз қариб 175 нафар занон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 17, 2022 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
11 сол қабл дар Тоҷикистон дохилшавӣ ба муассисаҳои олии касбӣ тавассути низоми тестӣ амалӣ гардид
Имрӯз даври якуми Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ оғоз гардид
Фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар нимаи аввали соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ гардид
Пагоҳ даври якуми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз мегардад
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?