ДЗЮДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» 12 паҳлавони маъруф муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо баргузор мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» ширкати 391 варзишгар (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 12 паҳлавони шинохта, аз қабили Муслимбек Каримов бо Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то 60 кг, Каюмарс Норов бо Муллораҷаб Халифаев дар вазни то 66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён бо Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода бо Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100 кг дар рақобатҳо миёни мардон Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Барномаи мусобиқа:
4 ноябр (ҷумъа). Рақобатҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
5 ноябр (шанбе). Рақобатҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
6 ноябр (якшанбе). Рақобатҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Мавриди зикр аст, ки маблағи умумии мусобиқаи байналмилалии «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.
Ҳамчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки медали тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали нуқра — 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Инчунин онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Тоҷикистонро 10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали биринҷии ин мусобиқа шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






