ДЗЮДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» 12 паҳлавони маъруф муаррифӣ мекунанд

Октябрь 30, 2022 10:15

ДУШАНБЕ, 30.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4  то 6  ноябр дар  шаҳри Бокуи Озарбойҷон Мусобиқаи байналмилалии  «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо  баргузор  мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Мусобиқаи байналмилалии  «Baku Grand Slam 2022»  ширкати  391 варзишгар  (227 мард ва 164 зан) аз 63 кишвари сайёра дар назар аст. Мусобиқа аз рӯи 14 дараҷаи вазнӣ (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) доир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар ин мусобиқаи сатҳи баланд  12 паҳлавони шинохта, аз қабили  Муслимбек Каримов  бо Муҳаммад Маҳмадизода  дар вазни то 60 кг, Каюмарс Норов  бо  Муллораҷаб Халифаев дар вазни  то  66 кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳи Устопириён бо   Ҷаҳонгир Маҷидов  дар вазни то 90 кг, Эмомризо Анварзода бо  Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан  Темур Раҳимов  дар вазни +100 кг  дар рақобатҳо миёни мардон  Тоҷикистонро     муаррифӣ   хоҳанд кард.

Барномаи мусобиқа:

4 ноябр (ҷумъа). Рақобатҳо  дар  вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни бонувон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.

5 ноябр (шанбе). Рақобатҳо дар  вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни бонувон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.

6 ноябр (якшанбе). Рақобатҳо дар  вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни бонувон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.

Мавриди зикр аст, ки  маблағи умумии мусобиқаи байналмилалии   «Baku Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо  154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба ғолиб дар ҳар як вазн 5 ҳазор евро, барои ҷойи дуюм 3 ҳазор евро ва барои ҷойҳои сеюм 1500-евроӣ тақдим мегардад.

Ҳамчунин варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб мекунанд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мегарданд. Варзишгароне, ки  медали  тилло мегиранд, 1000 имтиёз, медали  нуқра — 700 имтиёз ва медали биринҷӣ  500 имтиёз ба даст меоранд. Инчунин  онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ  мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи «Abu Dhabi Grand Slam 2022» оид ба гӯштини дзюдо дар АМА, ки аз 21 то 23 октябр бо иштироки 414 варзишгар (239 мард, 175 зан) аз 65 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, Тоҷикистонро   10 нафар варзишгарон намояндагӣ карданд. Танҳо ба паҳлавони шинохтаи тоҷик Темур Раҳимов муяссар шуд, ки соҳиби медали  биринҷии ин мусобиқа шавад.

                                                                                        АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 30, 2022 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Темур Раҳимов бо Тедди Ринер барои медали тилло мубориза мебарад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2024». Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг медали нуқра ба даст овард
DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни -73 кг ба финал баромад
Имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд