Ҳафтаи оянда дар Душанбе марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола доир мешавад
ДУШАНБЕ, 02.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 9 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳи «Н» баргузор мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаҳои наврасони Тоҷикистон, Афғонистон ва Муғулистон барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мубориза мебаранд.
Дар оғози марҳилаи интихобӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими миллии Муғулистон бозӣ мекунад. Ин дидор 5 октябр сурат мегирад. Дар даври ниҳоӣ- 9 октябр наврасони мо бо ҳамсолони худ аз Афғонистон вомехӯранд.
Аз рӯйи натиҷаҳои даври интихобӣ ғолибони даҳ гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои наврасони то 17-сола
Гурӯҳи «H»
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Афғонистон, Муғулистон.
Даври 1
5 октябр (чоршанбе)
Оғоз – соати 19:00
Муғулистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 2
7 октябр (ҷумъа)
Оғоз – соати 19:00
Афғонистон – Муғулистон
Даври 3
9 октябр (якшанбе)
Оғоз – соати 19:00
ТОҶИКИСТОН – Афғонистон
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Акс: ФФТ








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






