БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар Ёвон пули мошингузар ба истифода дода шуд

Октябрь 26, 2022 15:06

ЁВОН, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҳасании Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон пули мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дарозии он 40 метр ва паҳноияш 3,6 метр буда, иқтидори вазнбардориаш 30 тоннаро ташкил медиҳад. Он аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ маблағгузорӣ шуда, тариқи ҳашари дастҷамъонаи сокинон бунёд гаштааст. Дар ин бора дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ доданд.

Баробари ба истифода додани ин пул мушкилии мардуми деҳа бартараф шуд, зеро то кушодашавии он сокинон тавассути сангоби дарёчаи Ёвонруд рафтуомад доштанд.

Дар кушодашавии пули мазкур Раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода иштирок намуда, ба саховатмандони маҳалла барои саҳми арзанда гузоштан дар амалӣ гардонидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро тақдим намуд.

Дар ноҳияи Ёвон ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бунёдкориву ободонӣ равнақи тоза пайдо намуда истодаанд. То таҷлили ин санаи таърихӣ 498 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегарданд, ки аз ин шумора 34 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, 50 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, 46 адад иншооти соҳаи маориф, 10 адад иншооти фарҳангӣ, 20 адад иншооти соҳаи варзиш, 23 адад иншооти соҳаи кишоварзӣ, 30 адад иншооти соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 142 адад иншооти хизматрасонию савдо ва 52 адад иншооти гуногуни дигар мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Октябрь 26, 2022 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!