Дар Душанбе ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид

Октябрь 3, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Дар оғози иҷлосия вакилон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Зариф Ализода»-ро баррасӣ намуданд.

Вакилони мардумӣ ҳамчунин дар иҷлосия Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи RESILANDCA+: Лоиҳаи барқарорсозии устувори ландшафтҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии „Норак“, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд,  Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи «Баланд бардоштани омодагӣ ва устуворӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон»,  Созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ дар бораи кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Космические коммуникатсии» оид ба ташаккули низоми комплексии таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ дар доираи амалинамоии қисмати «Шаҳри бехатар»-и лоиҳаи «Шаҳри ҳушманд» дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишнома оид ба Низоми муштараки (муттаҳидаи) алоқаи қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созишнома дар бораи ҷузъу томҳои муҳандисии муштараки безараргардонии башардӯстонаи минаҳои қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии ИДМ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия оид ба ҳамкории молиявӣ (2020),  Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ вобаста ба масъалаҳои ҷиноятӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  Оид ба пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтани қарзи давлатӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022»,  лоиҳаи Қоидаҳои сарфарозгардонӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи ба ҳайати Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ф. Қосимӣ» -ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода, созишномаҳои мазкурро ба тасвиб расониданд ва аз рӯи лоиҳаҳои қонунҳои зикргардида қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ёдовар мешавем, ки созишномаҳои мазкур ва дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони мардумӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа,  Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода,  муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода, муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқодир Мавлодод,  сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода,  Маҳмадалӣ Қурбонзода, Сумангул Тағойзода, Рустам Латифзода, Насиба Содиқӣ,  Раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода, вакилони мардумӣ Азиз Гиёзода,  Музаффарҷон Маҳмудзода, Сурайё Дӯстмуродзода, Мунаввар Абдусаломзода, Ҳуснигул Одиназода,  Мироҷ Абдуллоев,  Фазлиддин Икромӣ,  Мавлудахон Мирзозода,  Мавзуна Шамсиддинзода, Файзулло Наҷмиддиниён, Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода  муаррифӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 3, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагон дар Форуми Осиёгӣ оид ба аҳолӣ ва рушд дар Босния ва Герсеговина иштирок намуд
Дар Маҷлиси намояндагон фраксияҳои ҳизбӣ таъсис дода шуд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати Шоҳигарии Белгия мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Сочӣ аз маҷмааи таълимии «Сириус» дидан намуданд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо роҳбарони ҳайатҳои Форуми «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» мулоқот намуд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва гулчанбар гузоштанд
Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд
Дар Маҷлиси намояндагон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд