Дар Душанбе бо иштироки доираи тиҷоратии Амрико фазои соҳибкориву сармоягузорӣ баррасӣ гардид

Октябрь 28, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон бо доираи тиҷоратии Амрико ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш роҳбарият ва масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарият ва аъзои Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон, инчунин ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ, аз қабили General Electric, Coca-Cola, Valley irrigation, VISA иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, роҳбарони вазорату идораҳо ва бахши хусусии ҳарду ҷониб сухан гуфтанд.

Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имконияти сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва бонкӣ маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеаи коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш вохӯрии бахши хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар фарҷом аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, ба ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
Моҳи сентябр дар Тоҷикистон панҷумин Форуми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва пайвастшавӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон»-и шаҳри Турсунзода мавсими тайёр кардани мавиз оғоз гардид
Рақамикунонӣ — омили муҳими рушди бехатарии озуқаворӣ дар сарҳад ва нақлиёт
Ширкати «Жонгшан»-и Чин дар Тоҷикистон ҳавзҳои муосири моҳидорӣ бунёд менамояд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ ҷаласа баргузор гардид
«СИЁСАТИ НУРАФЗО». Таҳти ин унвон доир ба нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи энергетика китоби нав ба нашр расид
Татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера дар Душанбе баррасӣ шуд
Имрӯз парвози мустақим дар хатсайри Душанбе–Минск оғоз гардид
Ташаккули сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлоли давлатӣ баррасӣ гардид