Дар интихоботи Бразилия собиқ президент Лула да Силва пирӯз гардид
ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори Ҳизби чапгарои коргарӣ ва президенти собиқ Лула да Силва дирӯз дар даври дуюми интихоботи президентии Бразилия пирӯз гардид. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии Додгоҳи олии интихоботӣ (он вазифаи КМИ-ро дар кишвар иҷро мекунад), ба тарафдории ӯ 51 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба агентии Euronews.com.
Аз оғози шумориши овозҳо сарвариро роҳбари кунунии давлат Жаир Болсонару ба даст овард, вале баъдан Лула да Силва аз ӯ пеш гузашт. Жаир Болсонару тақрибан 49% овозҳоро соҳиб шудааст.
Қаблан хабар расида буд, ки дар интихобот 9 номзади дигар низ ширкат кардаанд. Овоздиҳӣ дар Бразилия барои беш аз 156 миллион шаҳрвандони ин кишвар, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, ҳатмист. Жаир Болсонару баъди чор соли сарварӣ бори дуюм номзад шуд.
Лула Да Силва бори нахуст соли 2002 мансаби президентиро соҳиб шуда, пас аз чор сол муваффақона дубора интихоб гардид. 12 июли соли 2017 ӯро бо иттиҳоми фасод ва шустушӯи пул ба 9,5 соли зиндон маҳкум намуданд. Моҳи ноябри соли 2019 ӯ озод гардид. Моҳи марти соли 2021 Додгоҳи олии федералии Бразилия ҳамаи иттиҳомот нисбат ба ӯро лағв кард.
Акс: CARL DE SOUZA / AF








Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд






