Дар ноҳияи Сангвор бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 31, 2022 14:25

ДУШАНБЕ, 31.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар маркази ноҳияи Сангвор бинои Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ба истифода дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Марказ аз ду ошёна, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

Дар маросими ифтитоҳи марказ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода, Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода иштирок намуданд.

Маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа, таъмини бехатарии озуқаворӣ, рушди соҳаи чорводорӣ ва фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ барои кормандони соҳа бунёд ёфтааст.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 31, 2022 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд
Дар Шуғнон корхонаҳои саноатӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустӣ ва маориф ба истифода дода шуданд
Дар Хоруғ кӯдакистонҳо, маркази обуҳавошиносӣ ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мурғоб муассисаи таълимии томактабии «Лола» ба истифода дода шуд
Дар Бадахшон муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуданд
Сохтмони бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Спитамен беш аз 600 иншоот сохта ба истифода дода мешавад
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад