Дар ноҳияи Тоҷикобод бар асари бориши зиёди борон сел омад

Октябрь 26, 2022 15:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр дар километри 202-юми шоҳроҳи байналмилалии «Душанбе — Ваҳдат — Рашт — Лахш – Саритош», ки аз ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Лаби об»-и ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, бар асари боронгариҳо сел омад, ки дар натиҷа роҳ муваққатан баста шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои бартараф намудани оқибатҳои сел техникаи муҳандисии хадамоти роҳи ноҳия сафарбар карда шуд. Дар паҳлӯи ин роҳ барои таъмини ҳаракати мошинҳо роҳи садамавӣ кушода шуда, феълан ҳаракати ҳама намуди нақлиёт таъмин аст.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, аз ронандагоне, ки мошинҳояшон дорои тирезаҳои сиёҳанд, хоҳиш мекунад, ки ҳаракати худро дар вақти муайяншуда маҳдуд намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2022 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд