Дар Теҳрон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Эрон ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Муҷтамаи фарҳангии Аббосободи шаҳри Теҳрон маросими бошукуҳи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо иштироки шахсиятҳои намоёни сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва аҳолии Теҳрон баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Маросимро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмеҳдии Исмоилӣ ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Сипас барномаи шеър ва суруди Тоҷикистон шурӯъ гашт, ки мавриди истиқболи гарми аҳли толор қарор гирифт.
Дар маросим ҳамчунин намоиши аксҳо ва мусаввараҳо, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ баргузор гашта, меҳмонони Рӯзҳои фарҳангӣ бо меваҷот ва шириниҳои тоҷикӣ пазироӣ карда шуданд.
Дар Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки як ҳафта идома мекунад, намоишномаи театрии «Дирафши ковиёнӣ», ки Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омода намудааст, барномаҳои консертии ҳунармандони маъруфи тоҷик, Шаби шеър бо иштироки шоирони шинохтаи тоҷик ва ҳузури адибони эронӣ ва намоиши филмҳои «Муаллим» ва «Роҳ»-и синамогари тоҷик Носир Саидов ҳамчунин дар шаҳрҳои Шерозу Табрез дар назар аст.
Ҳафтаи фарҳангии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби тавофуқ миёни ниҳодҳои фарҳангии Эрон ва Тоҷикистон сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Эрон Саид Иброҳим Раисӣ масоили ҳамкориҳои бисёрҷонибаро баррасӣ карда буданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба арзишҳои муштараки таърихию фарҳангии ду халқ, дар ояндаи наздик баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро дар қаламравҳои ҳамдигар нақши муҳим дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ арзёбӣ карданд, хабар дода буд Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон пас аз мулоқот
Сарони ду малакат ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахши хусусӣ ва давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо шаҳрҳои саноатии ду кишварро баррасӣ карданд.
Акс: ВКХ ҶТ









«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид






