Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 октябр то 6 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Пеш аз оғози ин маъракаи фарҳангӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар дошта шудааст.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлати академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
Дар доираи ин рӯзҳо дар кинотеатри «Ватан» намоиши филмҳои эронӣ, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маҳфили шоҳномахонӣ, инчунин бо иштироки аҳли адаби Эрону Тоҷикистон маҳфили шеър ва дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумии Эрон баргузор мегарданд.
Тибқи барнома, дар ин давра сафари иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Ҳисор дар назар дошта шудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони эронӣ пешбинӣ шудааст.
Меҳмонон ҳамчунин аз «Кохи Наврӯз», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва дигар мавзеъҳои ҷолибу тамошобоби пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе боздид менамоянд.
АКС аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






