ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Ҳисор маросими гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ бошукӯҳ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маросими гусели наваскароне, ки ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватан ҳозир шуда буданд, пуршукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Дар маросими гусели даъватшавандаҳо Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар гуфт, ки маъракаи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва Қарори дахлдори Раиси шаҳри Ҳисор маъракаи гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо иштироки доираи зиёди ихтиёриён, ки сафашон сол то сол бештар мегардад, баргузор мегардад.
Раиси шаҳри Ҳисор бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва соҳибдавлатӣ, фазои тинҷию оромӣ ва сулҳу суботи комил соҳиби давлати мустақил шуданро орзую ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик маънидод карда, афзуд, ки «соҳибистиқлолии ҳар давлат аз доштани Артиши миллӣ маншаъ мегирад ва истиқлолияти давлатӣ, бехатарии марзу буми кишвар ба артиши пуриқтидору тавоно алоқамандии зич дорад. Артиши миллии Тоҷикистон аз имтиҳону озмоишҳои басо сангину вазнин гузашта, обу тоб ёфтааст ва имрӯз дар таъмини амнияту оромии кишварамон собитқадамона саҳми арзанда мегузорад».
Аз мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа, бахусус сарҳади кишварамон ёдовар шуда, Қосим Роҳбар таъкид намуд, ки «дар ин раванд моро зарур аст доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва нагузорем авзои манфии зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон ба давлати соҳибистиқлоли мо, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, хавфу хатар эҷод намояд. Барои истодагарӣ намудан ба ин хавфу хатарҳо ва таъмини суботу амнияти кишвар ҳифзи ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан, Артиши миллии мо ба шумо, ҷавонони ҷасуру шуҷоъ, худогоҳу ватандӯст, содиқу далер ва бонангу номус эҳтиёҷ дорад. Хизмат намудан ба Ватан ва миллати худ барои ҳар ҷавонмард, ки марзу бум ва хоку оби кишвар барояш азиз аст, қарзи муқаддас ва мояи шарафу ифтихор мебошад».
Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарон дар қисмҳои низомӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр соле ду-се маротиба ба қисмҳои ҳарбӣ сафарҳои дастҷамъонаи волидайни сарбозон сурат мегиранд ва онҳо бо шароити хизмати фарзандонашон дар қисмҳои низомӣ шинос гардида, бо таассуроти нек ва қаноатмандӣ бармегарданд.
Қосим Роҳбар ба даъватшавандагон роҳи сафед орзу карда, изҳори итминон намуд, ки наваскарон бо хизмати арзандаю намунавӣ дар қисмҳои ҳарбии кишвар обрӯю эътибори падару модар, устодон ва маҳали худро пос медоранд ва шаъну шарафи шаҳри Ҳисорро байни ҳамхизматон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомӣ боло хоҳанд бардошт.


Сипас, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби Раиси шаҳр ба 65 нафар ихтиёриёне, ки бо дастгирии молиявии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор курси кӯтоҳмуддати ронандагиро дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хатм намудаанд, шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Инчунин муовини Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Ҳисор Саидмурод Абдуллоев, волидайн ва даъватшавандагон сухан намуда, ба ҷавонон барои содиқона хизмат намудан ба Ватан ва ҳифзи марзу буми он ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ таманно намуданд.
Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро пешниҳоди ҳозирин гардониданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид






