Доир ба рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон конференсияи илмӣ барпо шуд

Октябрь 4, 2022 10:08

 ДУШАНБЕ, 04.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон таҳти унвони «Рушди забони давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи илмӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ.

Ректори донишгоҳи мазкур Муъмин Шарифзода иброз дошт, ки “Таҳия ва мавриди амал қарор гирифтани чандин санадҳои муҳими давлатӣ, муқаррар шудани Рўзи забони давлатӣ ва ба феҳрасти ҷашнҳои умумимиллӣ ворид гардидани он ба аҳли ҷомеа бори дигар истиқлолияти забон ва мақоми давлатӣ ёфтани онро таъкид мекунад”.

Дар конференсия як зумра олимону забоншиносон дар мавзӯъҳои  «Забони тоҷикӣ ва паҳнои он дар замони Истиқлолияти давлатӣ», «Забони давлатӣ ва баъзе аз масъалаҳои имло», «Забони тавоно ва ширину гуворо» ва «Рушди забони давлатӣ аз нигоҳи Пешвои муаззами миллат» маърӯза намуданд.


Дар ҳамоиш зикр шуд, ки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 сентябри соли 2005) нисбат ба забони тоҷикӣ чунин иброз доштанд:  «Умри миллат  ба умри забон вобаста аст.  Барои он, ки номи миллат  аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи роҳнамои  худшиносию  худафрӯзияш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Ёдовар мешавем, ки 5 октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардида, он ҳамасола ҳамчун Рӯзи забон дар мамлакат таҷлил мегардад.

АКС: шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБС

Октябрь 4, 2022 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст