Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи «Grand Prix» оид ба дзюдо мегардад
ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо соли оянда баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026″ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст. Аллакай корҳо барои баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо оғоз шудаанд.
Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






