ИТТИЛОИЯ. Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват намудаанд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар иттилоияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омадааст, ки шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.
Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj, дар Инстаграм: dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






