ИТТИЛОИЯ. Ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунед!

Октябрь 26, 2022 16:06

ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ даъват  намудаанд, ки ба саҳифаҳои қалбакии аз номи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кушодашуда бовар накунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар иттилоияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омадааст, ки шаҳрвандон ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна саҳифаҳои қалбакии кушодашуда, ба истилоҳ «фейкҳо» бовар накунанд.

Барои ҳалли мушкилоту ниёзмандиҳо муроҷиат ва дархосту андешаҳои худро метавонед ба почтаҳои электронии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон majmilli@rs.tj, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе dushanbe80@yahoo.com, сомона ва саҳифаҳои расмии www.dushanbe.tj,  дар Инстаграм:  dushanbe_official, ба вайбери мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 985-95-22-22 нависед.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Октябрь 26, 2022 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд