Маҳмадтоир Зокирзода ва Танзила Нарбаева ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Октябрь 29, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо  Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуд.

Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Самарқанд хабар дод.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.

Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки дар муддати кӯтоҳ  бояд муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав бардорем ва ин равобит ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд меёбад.

«Мо итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Узбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш меёбанд»,-иброз дошт ӯ.

Муносибатҳои байнипарлумонӣ барои рушди муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва таҳкими шарикии стратегӣ аҳамияти бузург доранд.

Ҷонибҳо ҳамчунин зимни суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарлумониро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.

Акс: МН МО ҶТ

Октябрь 29, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд
17 октябр иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Форуми ҷаҳонии занони аъзои парлумон баргузор гардид