«МАЛИКО, ҶАШНИ МЕҲРГОН ОМАД». Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро бо яке аз куҳантарин ҷашнҳои миллати тоҷик шодбош гуфтанд

Октябрь 15, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 15.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Қобили зикр аст, ки ҷашну ойинҳои миллии аз ниёгони некноми мо бамеросмонда оммаҳои мардумро ба сулҳу субот ва оромиву осоиш даъват мекунанд, ҳамаро, сарфи назар аз тафовутҳои миллӣ, диниву мазҳабӣ ва мақому мартабаи иҷтимоӣ гирди дастархони пурнозу неъмати идона ҷамъ оварда, ба ин васила дӯстиву рафоқати байни инсонҳоро таҳким мебахшанд»-зикр карданд рӯзи шанбе, 15 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошиашон ба муносибати ҷашни Меҳргон.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки Меҳргон-ин  ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст. Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд. «Ба ибораи дигар, Меҳргон таҷассумгари арзишҳои неки инсонӣ, файзу баракати рӯзгор ва ҳаёти орому осудаи мардум мебошад»-гуфтанд Пешвои миллат.

Ҳамчунин Пешвои миллат доир  ба анъанаву суннатҳои неки ин ҷашни бостонӣ дар осори донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ маълумоти фаровон оварда шудааст, мисол оварданд. Дар асари машҳури ӯ «Осор – ул – боқия» дар бораи паҳлуҳои гуногуни баргузории ҷашни Меҳргон ва ривоятҳои марбут ба он нақлҳои ҷолиб мавҷуданд, ки тибқи яке аз онҳо ёқут дар Наврӯзи дилафрӯз ва забарҷад дар Меҳргони заррин офарида шудааст. Аз ин лиҳоз, ин ду айём чун ёқуту забарҷад ҷило медиҳанд. Меҳргонро шоирони бузурги мо ҳам ба сифати ҷашни мардумӣ ва ҳам ойини хусравонӣ тавсиф кардаанд. Масалан, падари шеъри Аҷам устод Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони Сомониён гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Ба гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асрҳои минбаъда арзишҳои наҷибу судманди Меҳргон дар байни мардум бештар чун иди ҳосилот маъмул гардид, вале таҳти таъсири омилҳои гуногун анъанаи таҷлили он чун ҷашни махсуси миллӣ аз байн рафта буд. Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкон пайдо намудем, ки Меҳргонро бо тамоми расму одатҳои неки он аз нав зинда гардонем.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат хотирнишон карданд, ки бо сабаби вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявӣ ва омилҳои дигар дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ мушоҳида мегардад. «Дар чунин шароити вазнин, ки инсоният дар 80 – 100 соли таърихи худ ба он рӯ ба рӯ омадааст, мо бояд беш аз ҳар вақти дигар кор кунем, заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулоти озуқаворӣ истеҳсол ва захира намоем»- тазаккур доданд Пешвои миллат.

Президенти Тоҷикистон қайд намуданд, ки ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, яъне истифодаи самараноки обу замин, технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вазифаи муҳимтарину аввалиндараҷаи мо дар вазъияти кунунӣ мебошад.

«Поэтому необходимо, чтобы руководители и специалисты в областях, городах и районах, дехканских хозяйствах, каждый земледелец и каждая семья серьезно учитывали вопрос эффективного и рационального использования каждой пяди земли, в том числе на приусадебных и президентских землях, получения трех-четырех урожаев и заготовки большого количества продуктов питания», — резюмировал Эмомали Рахмон.

« Бинобар ин, роҳбарону мутахассисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи самараноку оқилонаи ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, гирифтани се – чор ҳосил ва захираи маҳсулоти озуқа бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд»-таъкид намуданд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Кристин Мишел: «Дар масъалаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо давлатҳои ҷаҳон бояд муттаҳид бошанд»
Лидия Брито: «ЮНЕСКО Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ намуда, ҳамеша дар паҳлуи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегирад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд
ДУШАНБЕ-МАРКАЗИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо
Дар Душанбе хатари офатҳои табиии марбут ба пиряхҳоро баррасӣ намуданд
Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо масоили об ва иқлим баррасӣ гардид