Маркази миллии тестӣ дар 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 октябр то 20 декабри соли равон Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зиёда аз 300 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо хатмкунандагон имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, аввалин имтиҳонҳои озмоишӣ барои имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №12, 16, 48, 31, 97-и шаҳри Панҷакент бо фарогирии 240 нафар хатмкунандагон гузаронида шуданд. Инчунин ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар шакли электронии китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ ирсол шуд.
Имтиҳонҳои озмоишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ тибқи нақша ба роҳ монда мешаванд.
Имтиҳонҳои озмоишӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми мамлакат бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши хатмкунандагон аз фанҳои имтиҳонӣ, шиносоии онҳо бо тарҳи маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ ва таркиби саволу масъалаҳои тест, баланд бардоштани масъулияти хатмкунандагон барои супоридани имтиҳонҳо аз рӯйи тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доир мегарданд.
Дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шакли электронии тарҳи нави маҷмӯи китобчаҳои тестии имтиҳонҳои озмоишӣ гузошта шуд, то ки хатмкунандагон бо он мустақилона шинос шаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






