Миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Беларус созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд

Октябрь 12, 2022 10:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи ҳамкории дӯстонаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Беларус дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус доир гардид, ки зимни он миёни якчанд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон –Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С Айнӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус — Донишгоҳи давлатии информатика ва радиоэлектроникаи Беларус, Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии техникии Брест, Донишгоҳи давлатии Брест ба номи А. С. Пушкин, Донишгоҳи давлатии техникии Гомел ба номи П. О. Сухов, Донишгоҳи давлатии Городно ба номи Я. Купала ва Донишгоҳи давлатии лингвистикии Минск созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.


Дар форум инчунин роҳбарияти сохторҳои дипломатӣ ва масъулини самтҳои кишоварзӣ, саноату соҳибкорӣ ва маориф иштирок намуданд.

Зимни баргузории форум ҷонибҳо доир ба имконияти сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар рушди соҳибкорӣ ва такмили ҳамкории иқтисодию соҳибкорӣ сухан гуфтанд. Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодию соҳибкории Тоҷикистон ва Беларус дар ҳоли рушд қарор дорад.

Дар форум инчунин зикр гардид, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба зиёда аз 90 шартномаву созишнома миёни Тоҷикистону Беларус ба имзо расидаанд, ки онҳо ба  ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг, маориф ва ғайра мусоидат менамоянд.

Ҳамчунин дар заминаи Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Беларус Намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои Беларус дар Тоҷикистон ташкил гардид. Баъд аз маросими баимзорасонии созишномаҳо Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванетс аз он дидан намуданд.

АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 12, 2022 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд