Моҳи ноябр Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 26.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ҳарорати моҳи ноябри имсола чун ҳавои ноябри соли гузашта 1-2 дараҷа паст дар назар дошта шудааст. Дар ин моҳ дар баландкӯҳҳо боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо боридани борон дар назар буда, ҳаво аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Инчунин дар баъзе қисматҳои кӯҳии водиҳо боридани барф пешгӯӣ мегардад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат иттилоъ доданд, дар даҳрӯзаи аввали моҳ дар шаҳри Душанбе ҳаво шабона то 9 ва рӯзона то 23 дараҷа гарм дар назар дошта
шудааст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳарорат пешгӯӣ шуда, дар рӯзҳои алоҳида ба амал омадани бориши борон ва
барф дар назар аст.
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар бештари ноҳияҳои вилояти Хатлон аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо 9+10 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ 5+6 дараҷа гарм мешавад. Бориши борон дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон дар назар аст.
Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 5+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво 1 дараҷа хунук мешавад.
Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ тағйирёбии ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 5 дараҷа хунук, рӯзона то 11 дарҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 5 то 9 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳидаи моҳи ноябр ба амал омадани бориши борон ва барф аз эҳтимол дур нест. Дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония дар назар дошта шудааст.
Моҳи ноябр меъёри иқлимии вазъи ҳаво дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва минтақаҳои кӯҳӣ 1 дараҷа пасттар мешавад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шуда, дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Рӯзона ҳаво аз 12 то 17 дараҷа гарм шуда, охири моҳ пастшавии ҳарорат дар назар аст. Дар даҳрӯзаҳои дуюм ва сеюми моҳ ба амал омадани борон ва барф дар назар аст.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазъи миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ шуда, 8-11 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Ҳаво шабона аз 9 то 18 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 дараҷа гарм то 2-7 дараҷа хунук мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






