ОБ ЗАХИРА НАМОЕД! Дар баъзе маҳаллаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад
ДУШАНБЕ, 28.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз соати 23:00 то соати 06:00-и 29 октябри соли 2022 интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе маҳаллаҳои пойтахт муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Бо мақсади иҷрои корҳои таъмирию васлкунии таҷҳизот дар истгоҳи обтаминкунии «Фишорӣ» дар минтақаҳои зерин интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад:
— ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С. Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М. Турсунзода, Шевченко, Шероз, С. Носир, Шоҳтемур, Ф. Ниёзӣ, А. Командир, М. Холов, Л. Шералӣ, Ғ. Абдулло, Азизбеков, Ф. Шаҳобов, Л. Толстой, М. Миршакар, Пушкин ва Теҳрон;
— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон.
Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандони хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии обро захира намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






