ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф ба амал меояд

Октябрь 26, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 26.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борони бошиддат меборад. Дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раъду барқ ба амал меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 6+11 дараҷа ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 дараҷа ва рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 26, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд