ОБУ ҲАВО. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Октябрь 20, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 20.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, танҳо шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 0+5  дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 7+12 дараҷа  гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф  меборад. Дар баъзе ноҳияҳо тормеғ меварояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа хунук, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо баъзан  борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат дар назар аст. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, шабона дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 20, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд