ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад

Октябрь 25, 2022 15:10

ДУШАНБЕ, 25.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки пагоҳ дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои минтақаҳои шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) борони бошиддат меборад.

Дар минтақаҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раъду барқ ба амал меояд. Инчунин 25 ва 27 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳи вилояти Суғд (Панҷакент), вилояти Хатлон (Ш.Шоҳин), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (Рашт ва Сангвор) ва дар ғарби ВМКБ (Дарвоз) эҳтимоли сар задани зуҳуроти сел дар назар аст.

26 октябр бо сабаби бориши бошиддат дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, аз 27 то 30 октябр дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 30 октябр дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12 ва рӯзона 26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 9 ва рӯзона 19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд аз 27 то 30 октябр ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо 30 октябр дар водиҳо баъзан борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф ба амал меояд.

27 ва 29 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 13 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона то 15 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ шуда, 29-30 октябр дар ноҳияҳои алоҳида борон, дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф пешгӯӣ мешавад. 27 октябр дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 9 ва рӯзона то 22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакатро огоҳ менамояд, ки ҳавои номусоид метавонад барои заминҳои кишоварзӣ хатар эҷод кунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд ва барои пешгирӣ аз сӯхтор ҳолати асбобҳои барқиро тафтиш кунанд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар ноҳияҳои кӯҳӣ бояд суръати ҳаракатро риоя намоянд, зеро эҳтимоли резиши санг ва омадани сел зиёд аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2022 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд