ҶОМИ ОСИЁ-2023. Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи “С” шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.
Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошканд доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Дар натиҷаи Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола:
Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






