ҶОМИ ОСИЁ ОИД БА ФУТЗАЛ. Тоҷикистон бо ду ғалаба ва ду бохт бозиҳои Ҷоми Осиё-2022-ро анҷом дод

Октябрь 5, 2022 08:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов ҳунарнамоии худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар даври чорякфиналӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар муборизаи бисёр ҳассос аз дастаи мунтахаби футзали  Таиланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Футболбозони тоҷик дар қисми аввал қариб бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд, вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки бо ҳисоби 2:1 ба пеш баромаданд. Дар лаҳзаҳои охир футболбозони Таиланд боз пешсафиро соҳиб шуда, 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ таиландиҳо голи пирӯзиоварро ба нишон  расониданд.

Голҳоро дар ҳайати  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров ба ҳадаф расониданд. Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз дастаи мунтахаби  Узбекистон (2:3) шикаст хӯрданд.

Ба марҳилаи нимниҳоии Ҷоми Осиё-2022 дар баробари Таиланд, инчунин дастаҳои мунтахаби  футзали Эрон, Ҷопон ва Узбекистон баромаданд.

 

                                                                                                                 Акс: ФФТ

Октябрь 5, 2022 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд