ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Аз пагоҳ як қисмати шаҳри Душанбе бо гармӣ таъмин мегардад

Октябрь 13, 2022 16:29

ДУШАНБЕ, 13.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз пагоҳ, 14 октябр як қисмати шаҳри Душанбе, яъне ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин мегардад. Дар ин бора имрӯз зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Сармуҳандиси Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе Қиёмиддин Сайфуллоев хабар дод.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур карда шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян, яъне як ҳафта зарур аст. «Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд»,-зикр намуд Қ. Сайфуллоев.

Тавре қаблан хабар додем, бино ба иттилои  Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва боридани боронҳои бошиддат дар назар аст. Ҳавои ин моҳ ба моҳи октябри  соли 2016 шабоҳат хоҳад дошт.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир рушди муътадили ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт дар навбати аввал аз истифодаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди ин соҳаи стратегӣ, яъне энергетика, хусусан солҳои охир бунёд намудани иқтидорҳои навро вусъат мебахшад. Ин гуна иқтидори истеҳсолӣ бунёди марказҳои барқу гармдиҳӣ дар кишвар ба шумор меравад, ки ин иқдом метавонад баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфаи неруи барқ, таъмини пурра бо барқ ва рушди босуботи соҳаҳои иқтисодиёт заминаи мусоид гузорад.

Тибқи маълумоти коршиносон, аз ҳисоби истифодаи гармии танҳо Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2» имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин сатҳи таъмини аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд. Ҳарчанд асоси истеҳсоли неруи барқ дар ҷумҳурии мо гидроэнергетика ё худ барқи обӣ мебошад, дар давраи тирамоҳу зимистон, ки талабот ба барқ афзун мегардад, марказҳои барқу гармидиҳӣ бобати таъминот бо неру ва гармӣ аҳамияти калон доранд.

Бинобар маълумоти расмӣ, дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз тарафи марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо дегхонаҳои шарқиву ғарбӣ 2767 нишондиҳанда, яъне иншоот бо гармӣ таъмин гардида, имсол дар мавсими 2022-2023 аз ҳисоби тамоми манбаъҳои гармидиҳӣ- МБГ №1, №2 ва дегхонаҳо бояд 3 ҳазор иншоот бо оби гарми қубурӣ таъмин карда шаванд.

Тавре Қиёмиддин Сайфуллоев иброз дошт, имсол дар Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-1» аллакай 7 адад дегҳои боло, 4 турбоагрегат ва 12 васлкунаки равғанӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд. Дар дегхонаи ғарбӣ 3 адад деги обгармкунӣ ва дар дегхонаи шарқӣ 2 адад деги обгармкунӣ пурра таъмир гардида, тамоми таҷҳизот омодаи коранд. «Оид ба санҷиши гидравликӣ дар шоҳқубурҳои Маркази барқу гармидиҳӣ мо зиёда аз 71 км санҷиш гузаронидем, ки он барои ба мавсим омода намудани шабакаҳои гармидиҳии МБГ шаҳри Душанбе равона шуда буд»,-илова намуд ӯ.

Ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина, ҳангоми истифодаи гармии дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолшуда дар пойтахт  неруи барқ сарфа мегардад, ки ин ба таъминоти барқ дар сар то сари кишвар манфиатбахш аст.

Дар Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе барои мавсими кории зимистони имсола захираи ангишт то санаи имрӯза 891 ҳазор тонна ва мазути камсулфур зиёда аз 24 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

«Пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як Муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор мекунем, ки шаҳрвандонро огоҳ намоянд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд. Дар ҳамин замина бояд гӯям, ки то сипарӣ гардидани мавсим мо бо Шабакаҳои гармидиҳӣ зич ҳамкорӣ намуда, дар сурати ба амал омадани садама фавран онро бартараф мекунем»,-изҳор медорад Қ. Сайфуллоев.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2022 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд