Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон: «Гардиши маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст»
ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон зикр намуд, ки соли 2021 муомилоти маводи мухаддир аз Афғонистон дар муқоиса бо соли 2020 тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст, ки ин афзоиши маводи мухаддири мусодирашуда дар ҷумҳуриро собит мекунад. Дар ин бора ӯ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон», ки рӯзи сешанбе, 18 октябр дар Душанбе ба кор оғоз намуд, хабар дод.
«Гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгирии моддию молиявии террористон ба шумор меравад. Агар соли 2020 мо [дар Тоҷикистон] ҳудуди 2,5 тонна маводи мухаддир мусодира карда бошем, пас соли 2021 ин миқдор ба 4 тонна расид, яъне гардиши муомилоти маводи мухаддир аз Афғонистон тақрибан ду баробар афзоиш ёфт»,-хулоса намуд Прокурори генералӣ.
Ӯ зикр намуд, ки ин вазъият зарурати таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тасдиқ мекунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






