Рамазон Раҳимзода ва Тери Хакала масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2022 /АМИТ «Ховар» /. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Намояндаи вижаи Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Хакала масъалаҳои мубрами ҳамкориро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раймундас Кароблис ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз қабили таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар масоили муҳимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум барпо гардида, ҷонибҳо оид ба тақвият бахшидани ҳамкории минбаъда ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Акс: ВКД ҶТ








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






