«РОҲБАРИ МАРДУМӢ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Октябрь 29, 2022 11:02

ДУШАНБЕ, 29.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, даъвати дувоздаҳум беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлолияти мамлакат мебошад. Ин иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда бозид. Аввалин масъалаҳои ҳаётан муҳиме, ки дар ин иҷлосия муҳокима карда шуданд, тадбирҳо оид ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Ин матлаб 28 октябр зимни баргузории ҳамоиши илмӣ-амалии академиявӣ таҳти унвони «Роҳбари мардумӣ» ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ баён шуд.

Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз намуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи нав боз намуд. Ҳанӯз дар лаҳзаҳои ҳассоси Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъият изҳор намуда буданд, ки «ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам».

Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён доир ба Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии мамлакат маърӯза намуданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатӣ

Октябрь 29, 2022 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд