Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо зимни ҳамоиш баррасӣ шуданд

Октябрь 28, 2022 08:39

ДУШАНБЕ, 28.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади омӯзиш, ҳифз ва  муаррифии мероси хаттии ниёгон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони  «Роҳҳои дурусти тавсифи илмии нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо»  ҳамоиш доир гардид. Дар он ходимони илмии хона-осорхонаҳои адабии Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Осорхонаи китоби Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ» ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»  Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки мероси хаттӣ яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии  халқи тоҷик ба шумор рафта, он ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи халқи тоҷик нақши муҳим дорад.

Зикр шуд, ки мероси хаттӣ ба омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи ҳар халқу миллат мусоидат карда, барои баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии мардум ва рушду нумӯи фарҳанги миллӣ замина мегузорад.

Дар ҳамоиш  аз ҷониби мутахассисони шуъбаи мероси хаттии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» роҷеъ ба нозукиҳои риштаи дастхатшиносӣ ва роҳҳои дурусти тавсифи илмӣ намудани нусхаҳои хаттӣ дар осорхонаҳо маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.

Ҳамзамон иштирокорони ҳамоиш аз толорҳои намоишии доимамалкунандаи «Мероси хаттӣ» ва «Ҳунари хушнависӣ»-и Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» боздид  намуда, аз ҷониби роҳбаладон бо онҳо сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 28, 2022 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст