Санаи баргузории бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 8-9 октябр дар варзишгоҳҳои мамлакат баргузор мегарданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври 17-ум 8 октябр дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо КМВА-и шаҳри Душанбе, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Истаравшан»-и шаҳри Истравашан, 9 октябр дастаҳои футболи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳам вомехӯранд.
Ҳафтаи сипаришуда пас аз танаффуси дуҳафтаина бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Таиланд бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки 30 сентябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир гашт, мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Дар бозии дигар, ки низ дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон»-и Хуҷанд 1 октябр доир гардид, дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ се голи беҷавоб зад. Сергей Сканян дар дақиқаи 8-ум ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Хушнудбек Бозоров ва Ҷаҳонгир Эргашев заданд.
1 октябр дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Се холи дастаи «Равшан» тавассути зарбаҳои нишонраси Муҳаммадалӣ Азизбоев ва Шодиҷон Муродов ба даст омаданд.
Ду бозии дигар 2 октябр баргузор шуданд. Дастаи футболи Клуби марказии варзиши артиш (КМВА) дар майдони худ аз дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Ба голи бозингари артиш Хуршед-Тимур Ҷураев зафарободиҳо тавассути Парвизҷон Деҳқонов ва Бахтиёр Зарипов бо ду гол ҷавоб доданд.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби мусовӣ- 1:1 анҷом ёфт. Бозингари мизбон Амирҷон Сафаров дар дақиқаи 55 ҳисобро кушод. Легионери аргентинии дастаи «Истиқлол» Гонсало Габриел Ритакко дар дақиқаҳои иловагӣ дастаашро аз бохт наҷот дод.
Пас аз натиҷагирии 16 давр дар ҷадвали чемпионат дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо 31 хол пешсаф аст. Дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо 4 холи камтар (27) дар ҷои дуюм ва «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 25 хол дар ҷои сеюм мавқеъ доранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






