СУХАНРОНИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш дар сиғаи «Осиёи Марказӣ + Россия»
14.10.2022, Қазоқистон
Ҳамтоёни муҳтарам,
Мо аз Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Владимирович Путин барои ташаббуси баргузории ҳамоиши аввалин дар сиғаи Осиёи Марказӣ – Россия миннатдорем.
Мо ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаев барои ташкили мулоқоти имрӯза изҳори сипос мекунем.
Он дар соли ҷашнии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия сурат мегирад.
Тайи давраи гузашта мо тавонистем ба сатҳи баланди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра ноил шавем.
Ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СММ ва дигар созмонҳои байналмиллалию минтақавӣ ба таври зарурӣ инкишоф ёфтааст.
Дар шароити дигаргуниҳои босуръати сиёсати ҷаҳонӣ ва иқтисодиёт муколамаи ошкоро ва боэҳтиром миёни мамлакатҳои мо аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Мо пешниҳоди ҷониби Россияро дар бораи таъсиси доираҳои муколамаи шашҷониба барои баррасии масъалаҳои мубрами соҳаҳои афзалиятноки кишварҳоямон истиқбол мекунем.
Мо омодаем чунин ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорат, нақлиёт ва иртиботот, дар самтҳои маориф, ҳамкории башардӯстона ва муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав роҳандозӣ кунем.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Дар шароити кунунӣ масъалаи таъмини амният аҳамияти махсус пайдо мекунад.
Дар минтақаи мо авҷи шиддат вобаста ба фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ коҳиш намеёбад, мафкураи радикализми динӣ фаъолона паҳн шуда, ҳаҷми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба маротиб афзуда, гардиши ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ кам намешавад.
Дар шароити паҳншавии тундгароӣ дар ҷомеа мо аз таъсири афзояндаи идеологияҳои радикалӣ хеле нигаронем. Вазъиятро пайваста назорат карда, ташаббускорона амал кардан зарур аст.
Мо ҷонибдори таҳкими ҳамоҳангсозии хадамоти махсус ва мақомоти салоҳиятдор бо мақсади таҳия ва эҷоди механизмҳои нави муборизаи муштарак бар зидди паҳншавии идеологияи тундгароӣ дар минтақа ҳастем.
Вазъияти Афғонистон ба амнияти мо таъсири бевосита мерасонад.
Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҳамеша ҷонибдори ташаккули Афғонистон ҳамчун давлати осоишта ва озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир мебошад.
Мо ба даъватҳои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон шарикем.
Мо инфрасохтори наздисарҳадӣ ва иқтидори логистикии худро ба ҳама ҷонибҳои манфиатдор барои расонидани кумаки башардӯстона ба мардуми Афғонистон пешниҳод менамоем.
Мо таъмини кишвари ҳамсояро бо неруи барқи басо зарурӣ ягон рӯз ҳам қатъ накардем.
Мо саъй дорем, ки сарҳадро бо Афғонистон мустаҳкам намуда, инфрасохтори зарурии сарҳадӣ ташкил кунем.
Ба ин муносибат мо ҷонибдори роҳандозии ҳамкории амалии бештари кишварҳоямон бобати расонидани ёрӣ ба ҳамдигар дар таҳкими иқтидори муҳофизати сарҳад мебошем.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Вазъияти нави рушди ҷаҳонӣ зарурати мустаҳкам намудани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии моро талаб мекунад.
Барои иқтисоди ҷаҳонӣ афзоиши бесуботӣ хос аст.
Ин барои пешрафти иқтисодиёти мамлакатҳои мо душвориҳои иловагӣ ба вучуд меорад.
Мо бо изҳори нигаронӣ ин ҷараёнҳоро мушоҳида мекунем.
Россия шарики калидии тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва ҳамкорӣ бо он дар ин замина дар маҷмӯи равобити ду кишвар мақоми хоссаро ишғол мекунад.
Мо бар ин назарем, ки дар шароити кунунӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россияро зарур аст барои ташаккули шакли муассири ҳамкории иқтисодӣ роҳу равиш пайдо кунанд.
Дар зимн мо тартиби мусоидати бештар ба савдои доираи васеи молҳоро дар бахшҳои стратегии иқтисодиётамон ҷонибдорӣ менамоем.
Муколамаи санҷишии шашҷониба, ки мо дар соҳаи тиҷорат ба вуҷуд оварда истодаем, бояд барои муҳокимаи лоиҳаҳои иқтисодии байнидавлатӣ барномаи муассир гардад.
Дар соҳаи саноат низ барои ҳамкории бисёрҷонибаи мо ояндаи дурахшон мавҷуд аст.
Дар Барномаи панҷсолаи рушди босуръати саноати Тоҷикистон барои давраи то соли 2025 2,5 баробар афзоиш додани мизони тавлидоти ин бахш пешбинӣ шудааст.
Аз ин рӯ, мо ба таъсиси корхонаҳои муштарак бо шарикон аз Осиёи Марказӣ ва Россия дар соҳаҳои мухталиф манфиатдорем.
Мо пешниҳод менамоем, ки Барномаи ҳавасмандгардонии ҳамкории саноатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия таҳия ва қабул карда шавад.
Масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти муҳим доранд.
Дар шароити авҷ гирифтани тамоюлҳои манфӣ дар ин соҳа мо бояд диққати асосиро ба қабули амалҳои дар ин самт мувофиқа ва ҳамоҳангшуда равона намоем.
Бо назардошти хеле бо ҳам алоқаманд будани иқтисодиётамон, дар бобати муқаррар намудани манъ ё маҳдудияти савдои ғалла ва дигар маҳсулоти ҳаётан муҳим миёни мамлакатҳои мо бештар эҳтиёткор будан зарур аст.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Дар интиҳо мехостам Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро бо баргузории муваффақонаи нишастҳо дар Остона табрик намоям.
Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия бо мақсади рушди устувори муштарак мебошад.
Ташаккур барои таваҷҷуҳ.








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия






