«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ дар пойтахт озмун гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 12.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» баргузор мегардад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Озмуни мазкур аз рўйи номинаҳои эҷоди шеъри беҳтарин, қироати беҳтарини шеър, иҷрои суруди беҳтарин, суруди беҳтарини гурӯҳӣ дар васфи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир мешавад. Озмун дар се давр баргузор гардида, моҳҳои сентябр — октябр дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, дигар ташкилоту муассиса ва корҳонаҳо, даври дуюм – нимаи дуюми моҳи октябр дар сатҳи ноҳияҳо бо иштироки ғолибони даври якум ва даври сеюм (шаҳрӣ — асосӣ) – нимаи аввали моҳи ноябр бо иштироки ғолибони даври дуюм баргузор мегардад.
Маросими тантанавии супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун нимаи дуюми моҳи ноябр ба муносибати 30-солагии баргузории Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Ҳадаф аз баргузории озмун- дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, сарояндагию овозхонӣ, баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагӣ, ташаккули истеъдод ва ҳунари наврасону ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар ин самтҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди эҷод, пешниҳоди шеър ва сурудҳои таҷассумкунандаи марҳилаи нави ободкориву созандагӣ ва рушди бемайлони пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва дар ин замина эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ мебошад.
Озмуни мазкур бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, он миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии соҳаи маориф, санъат ва мусиқии ҳудуди шаҳри Душанбе, эҷодкорону ҳаваскорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиндагӣ, фаъолият ва эҷод менамоянд, баргузор карда мешавад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд






