ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 18-19 октябр дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, шиддатёбии шамол ва борон дар назар аст

Октябрь 17, 2022 13:26

ДУШАНБЕ, 17.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. 18-19 октябр дар ҷумҳурӣ якбора номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои мамлакат омадани сел дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказии  ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияҳои доманакӯҳи вилояти Хатлон воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти аврупоии қаламрави Россия пешгӯӣ мешавад. Бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои намноку сард дар бештари ноҳияҳои вилояти Суғд пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа пешгӯӣ мешавад.

Дар ноҳияҳои боқимондаи ҷумҳурӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати ҳаво аз 6 дараҷа  то 8 дараҷа  паст мешавад.
19 октябр дар бештари манотиқи кишвар ба амал омадани борон дар назар буда, бориши нисбатан шиддатнок дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест.

19 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония дар назар буда, дар ноҳияҳои ҷанубии вилояти Хатлон тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

19 октябр бо сабаби бориши бошиддат дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омадани зуҳуроти сел аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳои Исфара, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии якбораи сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳолии ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон ҳушдор медиҳад, ки сармоҳои аввал барои киштзорҳо хатар эҷод мекунанд.

Ҳосили киштзор агар сари вақт ҷамъоварӣ нашуда бошад, бояд онро бо плёнкаи полимерӣ, матои бофташуда ё пахол пӯшонид.

Ба соҳаи чорводорӣ диққати махсус дода, ҳангоми дар чарогоҳҳои кӯҳӣ чарондани чорво бештар эҳтиёткор бояд буд.

Инчунин Кумита аз ронандагон   хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳро ҷиддӣ риоя намоянд.

АКС:АМИТ «Ховар»

Октябрь 17, 2022 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад