Вакилони Маҷлиси намояндагони бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз 14 то 22 октябр вакилони мардумӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ рафтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Дар доираи чунин чорабиниҳо вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода дар маркази ноҳияи Турсунзода бо интихобкунандагонаш мулоқот намуд.
Зимни баромади хеш вакили мардумӣ иброз намуд, ки барои таъмин намудани афзалиятҳои муаяншуда ва рушди минбаъдаи кишварамон манбаъ ва иқтидорҳои бузурги захиравӣ мавҷуданд.
Мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавре ки аз Паёми имсола бармеояд пеш аз ҳама таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бинобар ин моро зарур аст, ки барои нигоҳдории суръати пешрафт, инчунин ба хотири таъмин намудани рушди минбаъдаи устувори иқтисоди миллӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар омилҳои зарурӣ ба инобат гирифта шаванд.
Тибқи нақша мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии «Деваштич-24» Исмоилиён Комрон Исмоилзода дар ноҳияи Деваштич бо интихобкунандагон доир гардид.
Дар вохӯрӣ Исмоилиён Комрон оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироанамудаи Пешвои муаззами миллат ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати мардумпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ахборот дод.
Ҳамзамон зимни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии тамоюли бегонапарастӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
21 октябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Аҳмедов ва Мавлуда Мирзозода бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Вакилон роҷеъ ба 30 — солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати тирамоҳӣ, захираҳои маводи озуқаворӣ, омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва дигар масоили муборами рӯз ибрози назар намуданд.
Гуфта шуд, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти таърихии худ дар давраи баъди ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар таҳким ва бақои сохти давлатдории тоҷикон ҳамчунин дар якпорчагии сарзамини Тоҷикистон нақши босазое дорад. Аҳамияти бузургу таърихии Иҷлосияи XVI дар он аст, ки маҳз ҳамин Иҷлосия ба ҷаҳониён собит намуд, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва ақлу заковати бузург буда, метавонад пеши роҳи ҳама гуна моҷароҷӯиҳоро гирифта обрӯву нуфузи кишварро баланд бардорад.
Субҳи имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ аз 47 хонаҳои сокинони деҳаҳои Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва деҳаи Тоҷикони ҷамоати деҳоти Ворух, ки дар муноқишаҳои сарҳадӣ санаҳои 14-18 сентябри соли равон пурра осеб дидан карданд.
Бо сокинони деҳаҳои мазкур оид ба муҳаббат ба Ватан ва ҳифзу ҳимояи он сӯҳбати гарму самимӣ доир намуданд. Сокинони деҳаҳои мазкур, соҳибони хонаҳои харобгашта ва ҳашарчиён бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ аз ғамхориву дастгириҳои пайваста ва кӯмакҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманд ва сарфароз будани хешро садоқатмандона баён намуданд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 Марҳабо Юнусова ва раисони маҳаллаи Чилмеҳроб, Қуштеппа 1 ва 2, Соҳибкорон, Яккатути 1 ва 2, Фалакон ва маҳаллаи 1 май ва сокинон мулоқот намуд.
Фозил Обидзода оид ба амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар» ва Муроҷиатномаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат, одоби шаҳрнишинӣ суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинони шаҳраку маҳаллаҳо бо вакил саволу пешниҳодот намуда, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта посух гирифтанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд






