Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Норасоии кадрҳои омӯзгорӣ бартараф мегардад»

Октябрь 11, 2022 10:05

ДУШАНБЕ, 11.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4347 нафар хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ, аз ин теъдод  3142 нафар бо маълумоти таҳсилоти олӣ ва 1205 нафар бо маълумоти миёнаи касбӣ сафарбар карда шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми кишвар хабар медиҳад.

«Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби сарраёсат, раёсатҳо ва шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба вазорат дархост пешниҳод мегардад. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ба 3406 нафар пешниҳод гардида буд», — гуфта шуд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми  мамлакат «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо то охири сол», ки  10 октябри соли равон  дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  баргузор шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон фармоиши Вазири маориф ва илм ба тавсиб расид.

Тибқи маълумоти омории пешниҳоднамудаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо равияи омӯзгории гурӯҳҳои буҷавӣ 7153 (миёнаи касбӣ 1830, олии касбӣ 5323) нафар хатм намуданд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои саривақтӣ айни замон норасоии кадрҳои омӯзгорӣ аз 3406 нафар ба ҳолати 30 сентябри соли равон  ба 351 нафар расонида шуд.

  Акс: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 11, 2022 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид