30-СОЛАГИИ БАРҚАРОРИИ МУНОСИБОТИ ДИПЛОМАТИИ ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ. Дар Душанбе бахшида ба он ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба сисолагии барқарории муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамоиш доир гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвақтзода иброз дошт, ки ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ яке самтҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар маҳсуб мешавад.
«Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Исломии Рушд ва Сандуқи Саудӣ оид ба рушд дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, бахшҳои инфрасохтори роҳ, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра ҳамкории босамар ба роҳ мондааст»,-гуфт Ректори донишгоҳ.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон афзуд, ки бо ташаббуси сарони ду кишвар тӯли сӣ сол пояи муносибатҳои сиёсию дипломатӣ барқарор гардида, пайвандҳои дӯстиву бародарӣ таҳким ёфтанд.


«Дарвоқеъ, кишвари ман ба татбиқи нақшаҳои рушди Тоҷикистон тавассути роҳандозии лоиҳаҳои зиёде дар саросари кишвар таваҷҷуҳи зиёд изҳор менамояд. Бо ин мақсад Бунёди Саудии Рушд фаъолият ва ҳамкории худро бо ниҳоди давлатии Тоҷикистон аз соли 2003 оғоз намуда, дар ин муддат аз ҷониби Фонд барои роҳандозии лоиҳаҳои инфрасохторӣ дар Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 174 миллион доллари ИМА, баробар ба 1 миллиарду 936 милион сомонӣ ҷудо намуд, ки ба бахшҳои беҳдошт, маориф, нақлиёт ва обёрӣ равона гардидаанд»,-гуфт ӯ.
Сафир дар идома иброз дошт, ки тасмими Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати иҷозати вуруд додан ба шаҳрвандони Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон бидуни раводид ба афзоиши теъдоди сайёҳони саудӣ барои боздид аз ин кишвари зебо ва дорои манзараҳои дилфиреби сайёҳӣ таъсири мусбат мерасонад. «Ин омил сатҳи густариши бемайлони ҳамкории сайёҳиро тавассути иштироки ҳайати сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Гардишгари Риёз» дар моҳи майи соли гузашта ва инчунин таъсиси нахустин Форуми сайёҳии Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳи июли соли равон инъикос намуд»,-илова намуд Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон.
Мавсуф инчунин таъкид намуд, ки дар чаҳорчӯби ҳамкории бисёрҷониба Шоҳигарӣ ва Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Милали Муттаҳид буда, зимни равандҳои дастгирӣ ва овоздиҳӣ ба номзадҳои худ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, шӯроҳои иҷроия ва созмонҳои дигар ҳамоҳангӣ ва муносибатҳои барҷаста анҷом медиҳанд.
«Дар робита ба ин аз фурсати муносиб истифода намуда, мехоҳам миннатдории ҳукумати кишварамро ба Роҳбари олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасмими ҳукуматашон оид ба дастгирии Шоҳигарӣ барои мизбонии Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2030» дар шаҳри Риёз бирасонам. Ин иқдом, бешубҳа, умқи муносибатҳои бародаронаро, ки ду Сарвар ва халқи бародарро бо ҳам мепайвандад, инъикос менамояд»,- иброз намуд Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Равобит бо олами Ғарб: нақши Пешвои миллат ва дипломатияи тоҷик». Таҳти чунин унвон китоби нав ба нашр расид
Гузориши даврии Тоҷикистон дар хусуси татбиқи Конвенсияи 2003 оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ қабул гардид
Масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои директорони Бунёди иқлими сабз дар Душанбе баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои Федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои роҳбарони хадамоти ҳуқуқии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус доир шуд
Дар Душанбе намоишгоҳи хайриявӣ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё баррасӣ шуд
Дар Вена дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Фаридун Синирлиоғлу мулоқот намуд






