Рӯзи Президент ва 30-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистонро дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд

Ноябрь 16, 2022 10:31

ТОҶИКОБОД, 16.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт ва Лахш роҳпаймоӣ баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.

Дар ҷамъомадҳои бошукӯҳ зиёда аз 3 ҳазор нафар сокинон бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуда, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва қаҳрамонони Тоҷикистон аз роҳи марказии ноҳияҳо гузаштанд.

Дар ҳамоиши идона омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонону масъулини ҳукумати ноҳияҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд. Ҳозирин таҳти шиорҳои «Пайравони Пешвои миллатем!» ва «Пешвои миллат- ҳомии сулҳ!» шеърҳо қироат намуданд. Овозхонону мутрибони дастаҳои ҳунарии ин ноҳияҳо табъи ҳозиринро бо суруду оҳангҳои дилнишин шод гардониданд.

Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зикр намуд, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Тоҷикобод корҳоеро ба анҷом расонидаанд, ки 31 сол пеш касе ба он бовар намекард. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод дар ҷавоб ба ғамхориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор изҳор менамоянд, ки сиёсати Президентро аз сидқи дил амалӣ месозанд. Донаи умед мекоранд, ҳосил меғундоранд, ниҳол шинонида, боғ бунёд мекунанд, фарзандони шоистаи давру замонро тарбия карда, ба воя мерасонанд, роҳу кӯчаву хона сохта, диёри худро дар Тоҷикистон машҳур месозанд. Зеро ободии Ватан аз ободии ҳар як гӯшаи он оғоз меёбад».

Зикр шуд, ки «ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Рашт баъди Иҷлосия ҳам марҳилаи дуру дароз, қариб як даҳсоларо дар бар гирифт. Аммо дар дили ҳамдиёрони мо шуълаи фурӯзони умед ба ояндаи нек маҳз аз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз пойдор ва устувор гардид. Халқи одӣ фаҳмид, ки давлат ва ҳукумати устувор сари қудрат омадааст. Фарзанди содиқи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд ва хушбахтона, кашмакашҳои бемаънӣ дар ин минтақа ҳам хотима ёфтанд. Аз ин рӯ муҳаббати Пешвои миллат дар дили мардуми минтақаи Рашт маскан гирифта, бо хуни онҳо омезиш ёфтааст. Дигар касе ин муҳаббатро аз синаи сокинони ин минтақа берун карда наметавонад».

Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода гуфт, ки Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашнҳои муҳим ва сарнавиштсозу тақдирсоз мебошанд. Арзиши гаронмояи Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он зоҳир мегардад, ки дар ниҳоят фарзонамардеро ба арсаи сиёсат ва роҳбарии кишвари ҷангзадаю дар дами нестӣ қарордошта сари қудрат овард, ки чун нӯшдору ба ҷароҳати халқи азияткашидаи тоҷик шифою саодат бахшид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далерӣ ва ҷасорату мардонагӣ тақдири ояндаи миллатро ба даст гирифт ва дар таъмини сулҳу ваҳдати саросарӣ, оромию субот, сарҷамъии миллат, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, боло рафтани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ободу шукуфоии Тоҷикистон саҳми беназир дорад.

Дар ноҳияи мазкур пас аз ҳамоишҳои идона ва маҷлисҳои тантанавӣ ба собиқадорони меҳнат ва фаъолон туҳфаи пулӣ ва ифтихорномаҳо тақдим гардиданд. Ҳамчунин ҳунармандону санъаткорон бо барномаҳои консертии худ хотири сокинонро болида гардониданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Наваскарони қисми низомӣ дар ноҳияи Лахш савганди садоқат ба Ватан ёд намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд