Ҳайати Тоҷикистон дар Конгресси 8-уми ҷаҳонӣ бар зидди ҳукми қатл иштирок дорад

Ноябрь 16, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 16.11.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Конгресси ҳаштуми умумиҷаҳонии мубориза бо ҳукми қатл ҷараён дорад, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода иштирок доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мазкур хабар доданд.

Музаффар Ашуриён дар маросими ифтитоҳи конгресс сухан гуфта, аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти гуманизатсияи қонунгузории ҷиноӣ пас аз эълони мораторий дар бораи ҳукми қатл аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2004 ба таври муфассал маълумот дод. Мораторий, ки аз лаҳзаи эълон шуданаш эътибор пайдо кардааст, бо ягон муҳлат маҳдуд намешавад ва барои муҳлати номуайян амал мекунад.

Махсусан зикр гардид, ки Тоҷикистон дар қатори 123 давлати ҷаҳон аз қабули Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз 16 декабри соли 2020 «Мораторий ба истифодаи ҳукми қатл» ҷонибдорӣ кардааст.

Вазири адлияи кишвар Музаффар Ашуриён ба ҳозирин аз нияти Тоҷикистон барои таҳияи механизми ҳалли масъалаҳои марбут ба лағви ҳукми қатл бо ҷалби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносони байналмилалӣ иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки Конгресси умумиҷаҳонии зидди ҳукми қатл бузургтарин платформаи муборизабарандагоне мебошад, ки беш аз ҳазор иштирокчӣ аз 130 миллатро аз 90 кишвари ҷаҳон бо ҳам муттаҳид мекунад.

Дар кори конгресс масъулини сиёсиву давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ, фаъолон, ҷавонони тамоми ҷаҳон барои баррасии масъалаи лағви ҳукми қатл, ки то ҳол дар тамоми панҷ қитъаи олам татбиқ мешавад, иштирок доранд.

АКС: Вазорати адлияи ҶТ

Ноябрь 16, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Имрӯз дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Намояндагони парлумонҳои Туркия, Узбекистон ва Озарбойҷон дар Осорхонаи миллӣ бо шоҳкориҳои нодири ниёгонамон шинос шуданд
Рӯзи ҷавонон на танҳо ҷашн, балки рӯзи умеду орзуҳо ва масъулияти насли ояндасози Тоҷикистон аст
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд