АМАЛҲОИ МУШТАРАК БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ ҶАҲОНӢ. Ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи Фаронса иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 28.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Лиони Ҷумҳурии Фаронса конференсияи ҳарсолаи роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерпол дар мавзӯи «Амалҳои муштарак бар зидди таҳдидҳои ҷаҳонӣ» оғоз гардид, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Анварҷон Ализода, сардори Бюрои миллии марказии «Интерпол»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳриёр Назриев ва дигар шахсони расмӣ намояндагӣ доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
28 ноябр дар ҷараёни конференсияи мазкур аз ҷониби мутахассисони Котиботи генералии Интерпол мавзӯъҳои «Баланд бардоштани самаранокӣ: аввалан маълумот”, «Роҳ ба биометрияи нав”, “Имконият ва парвандаҳои оқилона”, “Набудани пойгоҳи додаҳои ДНК-и инсон ва беҳтар кардани сифат ва миқдори маълумоти биометрӣ” ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Зимни конференсия музокираю мубоҳисаҳо сурат гирифта, иштирокдорон оид ба тақвияти имконияти полиси байналмилалӣ дар самти ҷустуҷӯи байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба фаъолияти кории ин созмон тааллуқ доранд, фикру ақидаҳояшонро иброз доштанд.
Конференсияи мазкур то 30 ноябр идома ёфта, аз ҷараёни он иловатан иттилоъ медиҳем.
Акс: ВКД ҶТ








Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд






